Дар ноҳияи Данғара 15 бинои муассисаҳои таълимӣ бунёду навсозӣ мешавад

Дар ноҳияи Данғара ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду навсозии 15 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои зиёда аз 7000 хонанда дар ду баст бо маром идома дорад. Дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар додиттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки соли 2023  8 бинои нави муассисаи таълимӣ барои 4600 ҷои нишаст дар ду баст ба истифода дода шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи таълимии миёнаи умумии №23, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон бо арзиши зиёда аз 15 миллион сомонӣ барои 1200 ҷои нишаст дар ду баст ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо маблағгузории шарикони рушд  аз таъмири асосӣ бароварда шуд.

Бояд гуфт, ки дастгирии соҳаи маориф аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳм гузошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯзу оянда  ба шумор мераванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE