Бар асари борону барфи зиёд роҳҳои мошингарди ноҳияи Шуғнон муваққатан баста шуданд

 Бинобар сабаби бориши зиёди барфу борон ва фаромадани зиёда аз 50 адад тармаҳо роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Шуғнон муваққатан баста шудаанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, 15 феврал дар мавзеъҳои Ёмҷ, Сохчарв, Зевардашти Ҷамоати деҳоти М.Ширинҷонов, Бидурд, Манем, Барсеми Ҷамоати деҳоти Сучон, деҳаҳои Гожак ва Барчадеви Ҷамоати деҳоти Ғ.Шаҳбозов, деҳаи Вабисти Ҷамоати деҳоти Навобод ва дар Ҷамоати деҳоти Ванқалъа, инчунин ағбаи Куҳтезак бинобар сабаби ба амал омадани барфу борони зиёд ва фаромадани тармаҳо роҳҳои мошингарди ҳудуди ноҳияи Шуғнон муваққатан баста шуданд.

Бояд гуфт, ки айни ҳол дар мавзеъҳои номбурда 12 техникаи муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳияи Шуғнон ба тозакунии роҳҳо аз барф машғуланд. Масъулин талош доранд, ки то 17 феврал роҳҳои мошингардро аз тарма тоза карда, ҳаракати нақлиётро дар роҳҳои ҳудуди ноҳия таъмин намоянд.

Дар айни ҳол роҳҳои мошингард дар ҷамоатҳои деҳоти М.Ширинҷонов ва Поршинев аз тарма тоза карда шуда, дар ҷамоатҳои деҳоти Сучон, Ғ.Шаҳбозов, Навобод ва Ванқалъа корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ идома доранд.

Аз тамоми ронандагони нақлиёти мусофирбар ва хусусӣ, инчунин сокинон хоҳиш карда мешавад, ки дар ин давра бе зарурат ба сафар набароянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE