Дар Теҳрон машваратҳои консулии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуданд

Дар шаҳри Теҳрон машваратҳои консулӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардиданд.

Тавре Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ҳайати ҷонибҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон роҳбарӣ намуданд.

Дар доираи машваратҳо ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба робитаҳои консулӣ байни ду давлатро мавриди баррасӣ қарор доданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE