Дар Душанбе Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор мегардад

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт даври дуюми Фестивали ҳунармандони Тоҷикистон «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» баргузор мегардад. Дар ин хусус аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Фестивал ба муносибати қабул гардидани ҳунарҳои кирмакпарварӣ, абрешимбофӣ ва санъати кашидадӯзӣ ба феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии Созмони миллали Муттаҳид оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг-ЮНЕСКО ва эҳёи дигар навъи санъату ҳунарҳои қадимии миллӣ доир мешавад.

Ҳадаф аз баргузории фестивал ҳифз ва нигоҳдории мероси ғайримоддии фарҳангӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ, ҳунармандӣ ва ватандӯстӣ, эҳёи анъанаҳои аҷдодии ҳунарҳои мардумӣ ва оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби таҷрибаи пешқадами ҳунармандони варзида, муаррифии намудҳои гуногуни маҳсулоти ҳунармандӣ ва дастгирию ҳавасмандгардонии ҳунармандони ватанӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки фестивал бо мақсади иҷрои банди 10-и Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 доир ба  «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ва иҷрои банди 7-и қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 феврали соли 2024 «Дар бораи тасдиқи ҷадвали баргузории фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳри Душанбе барои соли 2024» баргузор мегардад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE