Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳии «Travel HUB» доир мегардад

Моҳи сентябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи сайёҳии «Travel HUB» баргузор мегардад, ки дар он иштироки ширкатҳои сайёҳии Русия баҳри  рушди муносибатҳои дуҷониба ва шиносоӣ бо зарфияти сайёҳии Тоҷикистон дар назар аст. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар доираи намоишгоҳи сайёҳии «Travel HUB» байни ширкатҳои ҳарду давлат бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон саёҳатҳои маърифатӣ баргузор мешаванд. Ин сайрҳо махсус барои гардишгарон бо мақсади таҳким ва густариш бахшидани донишҳои онҳо дар бораи самтҳои гуногун, меҳмонхонаҳо, хатсайрҳо ва хизматрасонӣ ташкил карда мешаванд.

Намоишгоҳ бо мақсади истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Русия оид ба пешбурди соҳаи сайёҳӣ ва ҳамкории  судманди Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон бо Ассотсиатсияи туроператорони Русия, инчунин мустаҳкам намудани дӯстӣ ва рушди сайёҳӣ доир мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE