Доир ба ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон китоб ба нашр расид
«Ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон»- таҳти чунин унвон китоби нави доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод интишор гардид. Дар ин бора аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хабар доданд.
Дар китоб бори нахуст раванди таъсис ва ташаккули низоми нави шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон дар замони истиқлол мавриди пажуҳиш қарор гирифтааст. Китоб аз панҷ боб иборат буда, дар боби якум «Таъсис ва ташаккули низоми телевизионҳои давлатӣ дар замони истиқлол» мавриди пажуҳиш қарор гирифта, боби дуюм ба «Таъсис ва ташаккули телевизионҳои давлатии минтақавӣ» иртибот дорад. Муаллиф «Ташаккули низоми телевизионҳои ғайриҳукуматӣ»- ро дар боби сеюм баррасӣ карда, бо хулосаҳои дорои ҷанбаи пажуҳишӣ муҳтавои бобро мукаммал намудааст.
Воситаҳои электронии ахбори оммаро дар шароити имрӯза бе интернет тасаввур кардан номумкин аст, аз ин рӯ боби чаҳорум пурра суду зиёни интернет ва шабакаҳои иҷтимоиро дар бар мегирад.
Боби панҷум ба «Рушди фаннӣ ва ниҳодҳои зертобеи соҳа дар замони истиқлол», ки кори онҳо ба фаъолияти телевизион тавъам аст, бахшида шудааст.
Муаллиф низоми нави шабакаҳои телевизионии замони истиқлолро аз рӯи хусусияти воқеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, инъикоси мавзуъ, дарбаргирии аудитория, фарогирии минтақаи пахш, рушди технологияи муосир, моликият ва тааллуқоти молӣ ба низоми телевизионҳои давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ) ва ғайридавлатӣ (ҷамъиятӣ ва хусусӣ) тақсимбандӣ карда аст.
Бори нахуст зинаҳои рушди телевизиони «Тоҷикистон» ба ду марҳила ва панҷ давра гурӯҳбандӣ шуда, доир ба шабакаҳои телевизионии насли нав маълумоти фишурда дар ихтиёри хонанда вогузор гардидааст.
Китоб барои рӯзноманигорон, пажуҳишгарони соҳа, устодон ва шогирдони донишгоҳҳо, муаррихон ва кормандони воситаҳои ахбори омма, хосса телевизион ба сифати манбаи муътамад хизмат менамояд.
Хотиррасон менамоем, ки китобҳои «Таърихи радиои Тоҷикистон» (2 қисм), «Таърихи телевизиони Тоҷикистон», «Вожаномаи русӣ ба тоҷикии истилоҳоти соҳаи радио ва телевизион», «Донишномаи радио ва телевизиони Тоҷикистон» низ ба қалами Саидмуроди Хоҷазод тааллуқ доранд.