Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст шуд

Имрӯз бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар «Кохи Парфенон» даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст шуд. Дар он ҷойи аввалро ноҳияи Сино, ҷойи дуюмро ноҳияи Фирдавсӣ ва ҷойи сеюмро ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансур ишғол намуда, бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар озмун роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ва намояндагони чор ноҳияи шаҳри Душанбе  иштирок доштанд.

Озмун бо мақсади ҷалб намудани занону духтарони ҳунарманд, кадбонуҳои соҳибзавқ ба эҳё ва рушди анъанаҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои миллии ниёгонамон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат, таомҳои маҳаллӣ, баланд бардоштани завқи кадбонугӣ ва ҳунари дастархонороӣ гузаронида шуд.


Дар даври шаҳрии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» ҳунару завқи кадбонуҳо, аз ҷумла дар пухтани якчанд навъ таомҳои миллӣ, ки аз ҷониби ҳунармандони чор ноҳияи пойтахт аз рӯйи номинатсияҳои ороиши дастархон, доштани малакаи истифода ва гузоштани зарф ва ашёи болои миз, омода ва пешниҳоди таомҳои субҳона, чоштгоҳ ва шом, пешниҳоди маълумот оид ба номҳои дурусти таомҳо, ғизонокӣ ва таркиби он дар лавҳаҳо, маҳорати омода намудани хӯрокҳои маҳаллӣ, миллӣ ва муосир, малакаи омода намудани намудҳои гуоногуни хамир барои пухтани нон ва дигар маҳсулоти нонӣ ба намоиш гузошта шуда, пешкаши ҳайати ҳакамон гардид.

Озмуни «Кадбонуи беҳтарин» аз се давр иборат буда, даври аввали он дар ҷамоатҳои деҳот, шаҳрак, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир  шуд.

Ёдовар мешавем, ки озмун бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тибқи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, гузаронида  шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE