Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Кувайт Самиҳ Исо Ҷавҳар Ҳаёт мулоқот намуд
15 майи соли 2024 сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдулло Зубайдзода бо муовини вазири корҳои хориҷии Давлати Кувайт Самиҳ Исо Ҷавҳар Ҳаёт мулоқот намуд. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар вохӯрӣ маҷмӯи масоили мубрами муносибатҳои дуҷониба баррасӣ гардида, ҷонибҳо барои роҳандозии тамосҳои сатҳи олӣ ва баргузории машваратҳо байни ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ изҳори омодагӣ намуданд.