Ташрифи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати ҳамроҳонаш ба шаҳри Турсунзода

Бегоҳии 4 октябр раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати ҳамроҳонаш ба шаҳри Турсунзода ташриф оварданд. Меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр деҳаи Батоши ҷамоати деҳоти Қаратоғ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам пазироӣ намуданд.

Мақсад аз ташрифи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати ҳамроҳонаш ба шаҳри Турсунзода ин шиносоӣ бо фаъолияти боғу токпарварварони шаҳр ва омӯзиши таҷрибаи боғдорон мебошад. Меҳмонон зимни ташрифашон нахуст аз сардхонаҳои хоҷагии “Ҳоҷӣ Камол” дидан намуданд.

Сардхонаи нав, ки зимни ташрифи Пешвои миллат санаи 3-юми октябри соли ҷорӣ ифтитоҳ ёфт дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол” Ориф Камолов дар масоҳати 0,30 гектар замин бунёд карда шудааст.

Иншооти мазкур бо технологияи муосир, аз ҷумла яхдонҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, барои нигоҳдории 1000 тонна меваю сабзавот пешбинӣ гардидааст.

Дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ, ки барои муътадил нигоҳ доштани ҳарорати дохили сардхона насб карда шудаанд, имконият медиҳад, ки меваю сабзавот ва дигар муҳсулоти кишоварзӣ беталаф нигоҳдорӣ гардад.

Танҳо дар хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷи Камол” дар як сол 15 ҳазор тонна ангури хушсифат ҷамъоварӣ мешавад. Боғдорони хоҷагӣ ангурро асосан ба Федератсияи Русия, Қазоқистон, Покистон ва дигар кишварҳо содирот менамоянд. Ҳоҷагӣ имконияти дар сардхона нигоҳ доштани то 4 ҳазор тонна ангурро дорад.

Таҷрибаи бою ғании парвариши хоси ангур аз афзалиятҳои токпарварони хоҷагии мазкур ба шумор рафта, онҳо барои афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли мева ва захираи он тадбирҳои саривақтӣ меандешанд.

Сардхонаи нав дорои анборҳои алоҳида буда, дар ҳар яки он имкони ғунҷондани то 100 тонна молу маҳсулот мавҷуд аст. Айни замон дар Хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷӣ Камол”-и шаҳри Турсунзода 6 навъи ангури аълосифати дар бозори дохил ва хориҷ серталабот парвариш меёбад.

Ҳоло дар шаҳри Турсунзода 62 сардхона мавҷуд аст, ки дар онҳо бештар аз 20 ҳазор тонна мева ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ захира ва нигоҳдорӣ мегардад. Мавриди зикр аст, ки дар шаҳри Турсунзода дар оянда барои захира ва нигоҳдории 100 ҳазор тонна ангури навъи аъло сардхонаҳои муосир бунёд карда мешавад. Ин омил имконоти захираву беталаф нигоҳдории маҳсулоти кишоваризиро таъмин менамояд.

Меҳмонон зимни ташрифи худ ҳамчунин аз майдони ангурзори хоҷагии “Боғи Сомон” ва хоҷагии “Ватан” дидан намуданд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳайати ҳамроҳонаш гуфт, ки таҷрибаи боғдорони шаҳри Турсунзодаро омӯхта, дар фаъолияти меҳнатии худ мавриди истифода қарор диҳанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE