Таъмири роҳҳои автомобилгард дар шаҳри Турсунзода
Дар доираи қарори Ҳукумати кишвар “Дар бораи омода намудани соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” дар Муассисаи давлатии «Нигаҳдории роҳҳои автомобилгард»-и шаҳри Турсунзода омодагиҳо дар сатҳи баланд роҳандозӣ гардида, миқдори лозимаи маводи техникию сухт, либоси корӣ ва дигар ашёи лозима захира карда шудааст. Дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ин муассиса тавонистааст, беш аз 10 километрро асфалпӯш ва беш аз 100 км-ро роҳи автомобилгардро аз таъмири ҷорӣ барорад.
Бояд зикр намуд, ки роҳҳои автомобилгард дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат нақши муҳим дошта, ҳамарӯза тавасути ин масир дар баробари рафтуои шаҳрвандон, ҳазорҳо тонна бор аз як минтақа ба минтақаи дигари мамлакат интиқол дода мешавад. Бо назардошти муҳимияти ин масъала масъулини Муассисаи давлатии «Нигаҳдории роҳҳои автомобилгард»-и шаҳри Турсунзода ҳамаҷониба омодагӣ гирифтаанд, ки дар сардиҳои зимистони дар пешистода, ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиётро бе таъхир таъмин намоянд.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе