Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Покистон мулоқот кард
20 майи соли 2024 дар шаҳри Остона дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай мулоқоти дуҷонибаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Исҳоқ Дор баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин мулоқотро бо изҳори андӯҳи амиқ оғоз карда, робита ба шаҳодати Президент, вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони баландпояи Эрон дар натиҷаи садамаи ҳавопаймо изҳори ҳамдардӣ кард.
«Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ҳамчун сиёсатмадор ва дипломати барҷаста дар густариши равобити кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай саҳми бузург гузоштааст. Дӯст ва бародари мо бо беҳтарин хислатҳои инсонию касбии худ дар дили мо абадӣ боқӣ мемонад. Худованд маъвояшро фирдавси барин гардонад”, – изҳор дошт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Роҳбароони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои равобити дуҷониба, татбиқи мувофиқатҳои қаблан дар сатҳи олӣ бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор дода, оид ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор намуданд.