Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио мулоқот кард

30 майи соли 2024 дар ҳошияи Нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии “Осиёи Марказӣ — Италия”, дар шаҳри Рим мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Президенти Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ Алваро Ларио баргузор шуд.

Зимни мулоқот рафти амалигардонии барномаву стратегияҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин тарафҳо масоили марбут ба обу иқлим ва рафти омодагӣ ба Конфронси сеюми оби Душанберо матраҳ карданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE