Дар Маҷлиси намояндагон «Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» муҳокима шуд

Имрӯз таҳти раёсати раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хайрулло дар ҳамкорӣ бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд. Дар ин хусус аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни баррасии ин масъала таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти мушкилоти ҷойдоштаи ҷомеа аз рӯзҳои аввали фаъолияти кориашон ба соҳаи сохтмон, ки пешбарандаи дигар соҳаҳо мебошад, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки тибқи маълумоти оморӣ, ба сохтмони иншооти таъйиноти истеҳсолӣ ба маблағи беш аз 7 миллиард  сомонӣ сармоягузорӣ шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000 нуҳ баробар зиёд мебошад.

Бо мақсади рушди соҳаи сохтмон ва ҳалли масъалаҳои соҳа бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2021  «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021» аз тарафи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи рушди соҳаи сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2022-2025) таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 апрели соли 2022 тасдиқ гардид.


Стратегия мақсад ва афзалияти рушд, самтҳои асосӣ, вазифаҳо ва механизмҳои ислоҳоти соҳаи сохтмонро барои давраи то соли 2030 дар асоси омӯзиши амалияҳои беҳтарини дигаргунсозиҳои сохтории соҳаи сохтмон ва тамоюли ҷаҳонии рушди фаъолияти шаҳрсозӣ муайян менамояд.

Аз рӯи ин масъала ҳамзамон вакили Маҷлиси намояндагон Комрон Исмоилиён, муовини якуми раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Улуғбек Умарзода сухан гуфтанд.

Дар интиҳои муҳокимаи парлумонӣ изҳори боварӣ карда шуд, ки хулосаҳои судманди аз натиҷаи чорабинии имрӯза бароварда ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи ҳадафҳои дар пеш гузошта мусоидат менамоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE