Оғози сармои шадид дар Тоҷикистон дар назар аст

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи сокинони мамлакат мерасонад, ки аз 7 январ дар мамлакат вазъи ҳаво якбора номусоид шуда, 10 январ бориши барф пешгӯӣ мешавад.

9-11 январ бо сабаби воридшавии анбӯҳи ҳавои сард аз самти аврупоии Федератсияи Россия  дар бештари манотиқи кишвар сардшавии ҳаво дар назар аст.

10-11 январ дар ноҳияҳои водӣ-доманакӯҳи вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ пастшавии ҳарорати ҳаво то 10-15 дараҷа  пешгӯӣ мешавад. Бориши бошиддат дар намуди барф 10-11 январ дар минтақаҳои алоҳидаи ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз эҳтимол дур нест.

9-10 январ дар ноҳияҳои алоҳидаи вилоятҳои Суғд, Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 15-20 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.

7-10 январ дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор сар задани зуҳуроти тарма аз эҳтимол дур нест.

Дар водиҳо бориш дар шакли барф ва дар қаторкӯҳҳо боридани барфи зиёд, дар роҳҳо, асосан дар ағбаҳо боридани барф ба амал меояд. Дар аксари ноҳияҳои баландкӯҳ  шамоли сахт ва боридани барфи зиёд дар назар аст. Инчунин дар қитъаҳои роҳи Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Рашт-Лахш, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Шоҳин-Дарвоз-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб яхбандӣ ва фаромадани тарма аз эҳтимол дур нест.

Ба иттилои манбаъ,  сармои шадид аз 10 январ оғоз мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо ҳарорат шабона то 17 ва рӯзона то 8 дараҷа хунук мешавад.

10-11 январ дар шаҳри Душанбе борон ва барф меборад. Аз 10 январ ҳарорати шабонаи ҳаво то 3 дараҷа гарм ва рӯзона 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои қисман абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ бориши борон ва барф ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм, рӯзона то 7 дараҷа  гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 2 дараҷа гарм ва рӯзона то 7 дараҷа гармӣ дар назар аст.

10 январ дар вилояти Суғд ҳавои абрнок пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона ва рӯзона то 3 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 11 дараҷа хунук, рӯзона то 3 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои доманакӯҳ бориши борон ва барф ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона то 2 дараҷа хунук, рӯзона то 11 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона то 3 дараҷа хунук ва рӯзона то 8 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ бориши барф аз 7 январ оғоз мешавад. 10 январ ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 11 дараҷа  хунук, рӯзона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук ва рӯзона то 14 дараҷа хунукӣ дар назар аст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE