Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муовини Раиси Сенати Малайзия мулоқот кард

10 июни соли 2024 мулоқоти муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаббой бо иҷрокунандаи Раиси (муовини Раис) Сенати Малайзия Нур Ҷазлон Муҳаммад баргузор гардид. Дар ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Нахуст Аҳмадзода Раҷаббой иҷрокунандаи Раиси (муовини Раис) Сенати Малайзия Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба сарзамини офтобии Тоҷикистон харамақадам гуфтанд.

Зикр гардид, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба бо Малайзия ҷойгоҳи хосса дорад.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла таъсиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сенати Малайзия, омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар истеҳсоли «неруи сабз», ба роҳ мондани хатсайри мустақим байни ду кишвар, ҷалби сармоя, инчунин таъсиси паркҳои технологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE