ГУШТИН: МЕДАЛИ ТИЛЛОИ МУҲАММАДАМИН ДАР БОКУ

Гуштингири ҷавон ва умедбахш Муҳаммадамин Абдуллоев дар мусобиқаи байналмилалии “Таҳсил” миёни наврасони то 17-сола сазовори медали тилло шуд. Дар ин бора ба радиои “Садои Душанбе” аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусобиқаи байналмилалии “Таҳсил” оид ба гуштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ 16 декабр дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон шуруъ шуд, ки то 19 декабр идома меёбад.

Муҳаммадамин дар вазни -80кг-и гуштини тарзи озод бар ҳамаи ҳарифон ғолиб омада, дар финал варзишгари Қазоқистон Илёс Аманжолро шикаст дод.

Дар мусобиқа дар баробари варзишгарони Озарбойҷон, намояндагони Қазоқистон, Тоҷикистон, Фаронса, Британияи Кабир ва Исроил ширкат доранд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE