Бунёди бинои нави иловагии таълимӣ бо харҷӣ 4 миллиону 689 ҳазор сомонӣ дар шаҳри Ваҳдат
Дар остонаи соли нави хониш, дар назди Муасиссаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Валентина Терешковаи шаҳри Ваҳдат бо иқдоми соҳибкор – шаҳрванди ИМА, ки хатмкардаи ҳамин дабистон будааст, бо харҷи 4 миллиону 689 ҳазор сомонӣ бинои нави иловагӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Мутахассисон лоиҳаи сохтмони муассисаи мазкурро мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ арзёби мекунанд. Ҳамкорамон Тоҷиддин Сатторзода мавзӯро пайгирӣ намудааст:
Маориф ва илм дар низоми давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол аз самтҳои муҳим ва сиёсати иҷтимоии давлатро ташкил дода, таҳти сарпарастию дастгирии бевостаи Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар доираи дастгири аз ин сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат, дар назди МТМУ № 3-и ба номи Валинтина Терешковаи шаҳри Ваҳдат бо иқдоми Евгений Муллоқандов хатмкардаи ҳамин муассиса ва ҳоло шаҳрванди ИМА бинои нави иловагӣ иброрат аз 13 синфхона сохта шуда, рузҳои наздик мавриди истифода қарор дода хоҳад шуд. Ба маълумоти Матлуб Халифаев намояндаи соҳибкор, корҳои сохтмонии ин муассиса аз ҷониби сохтмончиёни ватанӣ ЧДММ “Шарора” тибқи меъёр дар сатҳи баланд ба иҷро расонида шудаанд.
Дар МТМУ № 3-и шаҳри Ваҳдат 2 ҳазору 568 нафар хонада таҳсил намуда, омузгорони мактаби мазкур то ин дам аз норасоии зиёда аз 400 ҷойи нишаст, танқисӣ мекашиданд. Ба гуфтаи Зарина Неъматова директори муассисаи мазкур, сохтмони мактаби нав бо чунин шароитҳои омузишию базаи моддию техникӣ назди ҳар омузгор дар боло бардоштани сатҳу сифати таълим боз ҳам масъулияти бештареро пеш мегузорад.Дар МТМУ №3-и ба номи Валинтина Терешковаи шаҳри Ваҳдат хониш бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шуда довталабон барои таҳсил намудан дар ин мактаб ҳамасола меафзоянд. Матлуб Халифаев намояндаи соҳибкор- мутахассиси соҳаи сохтмон, лоиҳаи муассисаи мазкурро дар кишвар беназир арзёби кард. Бунёди манзилҳои баландошёнаи истикоматӣ ва зиёд гардидани аҳолӣ, зарурат пеш меорад, ки ҳамасола дар шаҳри Ваҳдат муассисаҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ сохта шаванд. Ба назари маорифчиён сохтмони бинои нави таълимӣ дар назди МТМ-и ӣ 3-и ин шаҳри мазкур, имкон фароҳам хоҳад овард, ки минбаъд омузиш дар он мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ роҳандозӣ гардад.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе