Тоҷикистону Фонди қатарии рушд ҳамкориҳоро тақвият медиҳанд

4 июли соли 2024 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Нурмурод Маҳмадалӣ бо раиси иҷроияи Фонди қатарии рушд ҷаноби Султон ал-Асирӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо доир ба имконияту иқтидорҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон, ки аз аҳамияти миллию байналмилалӣ ҷиҳати таъмини рушди устувор бархурдор аст, табодули андеша карданд.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон яке аз кишварҳои шарик ва муҳимми Бунёди рушди Қатар дар соҳаи рушди устувор маҳсуб мешавад ва Фонд низ ҳавасманд аст ҳамкории судманд бо Тоҷикистонро дар татбиқи лоиҳаҳо дар бахшҳои муҳимми иқтисодию иҷтимоии кишвар вусъат диҳад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE