Дар Душанбе Форуми пешазконфронсии сатҳи баланди занон оид ба масоили таъмини об баргузор мегардад
Дар доираи Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, ки 6-9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми пешазконфронсии сатҳи баланди «Зан ва об» баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи мазкур.
Дар кори форум иқдомҳои ташаббускоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи таъмини оби нӯшокӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, иштирокчиён масъалаҳои сарфакорона истифода бурдани об, дастрасии ҳамагон ба об, идоракунии таъминот бо об ва дигар мавзӯъҳои мубрамро мавриди таҳлил қарор медиҳанд.