Лигаи футболи Тоҷикистон семинари илмӣ-омӯзишӣ барои пизишкони клубҳои футболии Тоҷикистонро баргузор намуд

Бо ташаббуси Лигаи футболи Тоҷикистон дар меҳмонхонаи “Румӣ”-и пойтахт ҷиҳати такмили дониши пизишкони клубҳои футболии Тоҷикистон ҳамоиши “Тиб дар футбол” бо иштироки номзадони илми тиб ва табибони соҳибтаҷриба баргузор шуд. Дар ин бора аз Лигаи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Дар семинар масъалаҳои мубрами пешгирӣ ва табобати ҷароҳатҳои варзишӣ бо таваҷҷӯҳи хоса ба футбол, дастгирии равонӣ барои футболбозон, истифодаи технологияҳои муосир дар тибби варзишӣ баррасӣ шуданд.

Семинар ба духтурони дастаҳои футболӣ имконият дод, ки дониши худро дар бораи навтарин дастовардҳои тибби варзишӣ такмил диҳанд, дар ташхис ва табобати ҷароҳатҳо малакаҳои амалӣ пайдо кунанд, усулҳои нави барқарорсозӣ ва пешгириро омӯзанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба сухангӯйҳо сипоснома ва ба иштирокчиён сертификат тақдим гардид.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE