ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТИ ДӮСТӢ: НИГОҲЕ БА РАВАНДИ ТАШРИФИ МЕҲМОНОНИ САТҲИ ОЛӢ БА ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН

Давоми нимаи аввали моҳи июли соли ҷорӣ, боздиди меҳмонони сатҳи олӣ, аз қабили Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф ва Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе, дар руҳияи мардуми кишвар эҳсоси ифтихори миллиро баланд намуд. Ин сафарҳо дар афкори ҷомеа, ҳамчун нишонаи аҳаммияти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва эътирофи пешрафти кишвар дар солҳои охир арзёбӣ гардиданд.

Маҳорати баланди дипломатӣ ва пазироии сатҳи баландӣ тоҷикон меҳмонони воломақомро ба ҳайрат оварда, дар ҷараёни боздиди сарони давлатҳо, халқи тоҷик мероси таърихии худро ҷиҳати ташкили чорабиниҳо дар сатҳи зарурӣ ва таъмини фазои суботу амният нишон доданд, ки онҳо дар нуктаҳои зерин мушоҳида гардиданд:

Эътимод ва таҳкими муносибатҳо: Дипломатияи меҳмоннавозӣ ва таваҷҷуҳ ба ҳар як ҷузъиёти сафар, фазои мусоидро барои гуфтушунидҳо фароҳам оварда, эътимодро байни роҳбарон мустаҳкам намуд ва чунин муносибати ҷиддӣ ба муколамаи кушоду созандаи ҷонибҳо мусоидат намуд.

Аз ҷумла, сокинони пойтахт ҷиҳати ба таври шоиста истиқбол намудани меҳмонон тамоми саъю кӯшиши худро равона намуда, дар кӯчаҳо саф оростанд ва нисбати меҳмонони олиқадр санъати баланди дипломатияи мардумиро баён карданд. Бешубҳа, чунин дастгирӣ шоистаи таҳсин буда, аз ҷумла сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки “зимни ташриф овардан ба кишвари бузурги шумо ва кишвари бародари худ Тоҷикистон, дар ҳар гушаю канор беҳтарин нишонаҳои пазироии бениҳоят гарму ҷӯшонро мушоҳида намудем”.

Меҳмоннавозӣ дар фарҳангу анъанаҳои халқи тоҷик амиқ ҷой гирифта, мардуми тоҷик муътақид аст, ки меҳмон атои Худованд аст ва бояд бо эҳтиром ва саховатмандии зиёд муносибат намуд. Аз ин рӯ, мардуми шарифи Тоҷикистон пайваста саъй менамоянд, то иқтидори таърихию фарҳангии худро ҷиҳати баргузории чорабиниҳои сатҳи баланд нишон диҳанд ва ин ифтихормандӣ дар шукуҳу шаҳомати расмиёти дипломатӣ инъикоси худро пайдо намуд. Ба андешаи Шаҳбоз Шариф раванди танзими сафар то дараҷае ҳирфаӣ таҳия гардида буд, ки меҳмононро ба ваҷд вард: “Ҷолибияти истиқболи шумо, ҳамаи мо аз ҷумла худи ман ва ҳайати намояндагони моро ба ваҷд овард. Чунин ба назар мерасад, ки мо аз хонаамон берун шудем, то ба хонаамон ташриф орем ва ин беҳтарин инъикоси муносибатҳои бародаронаи мо мебошад”.

Эҳтиром ва қадршиносӣ: Бо дарназардошти он, ки фарҳанги тоҷикон аҳаммияти меҳмоннавозиро дар густариши муносибатҳо талқин мекунад, истиқболи самимӣ ва меҳмоннавозии тоҷикона ба руҳияи меҳмонон эҳсоси эҳтиром ва хушнудӣ зам намуд, ки онро дар афкори коршиносони минтақа ва ҷаҳон мушоҳида намудан мумкин аст.

Ба андешаи коршиноси қазоқи чиншинос Адил Каукенов, Тоҷикистон дар муқоиса ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати пазироии Си Ҷинпин бо санъати баланд пешсафӣ намуд. Ин коршинос сафари Си Ҷинпинро, ки баъд аз Остона ба Душанбе омад, муқоиса намуда, иброз намудааст, ки «дӯстони тоҷик тавонистаанд, Остонаро дар меҳмоннавозӣ пеш гузаранд». Ташкил намудани чорабинии фарҳангӣ, ороиши маросимҳо, бо забони чинӣ истиқбол намудани кӯдакон бо шиору парчамҳои Чин, натанҳо дар даромадгоҳи фурудгоҳ, балки дар тамоми масири сафар роҳнамоӣ кардани ҷаноби Си Ҷинпин аз ҷумлаи вижагиҳои меҳмоннавозии тоҷикон мебошад, ки коршинос дар матлаби худ дарҷ намудааст.

Дар воқеъ, тоҷикон зимни қабули Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин маҳорати баланди дипломатӣ зоҳир намуда, тавассути ба инобат гирифтани хурдтарин ҷузъиёти сафар, эҳтироми самимии худро нисбат ба меҳмон ифода намуданд. Аз ҷумла, ҷаноби Си Ҷинпин зимни нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки «ман борҳо дӯстии барқароршудаи байни халқҳои Чину Тоҷикистонро эҳсос кардаам ва инчунин ба Президент Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати меҳмоннавозӣ ва омодагии самимонаатон барои ин сафар изҳори сипос мекунам».

Ҷомеаи Тоҷикистон бар ин боваранд, ки мизбонии раисиҷумҳур Си Ҷинпин як муваффақияти дурахшони дипломатӣ буд, ки равобити Тоҷикистону Чинро таҳким бахшида, нақши афзояндаи Тоҷикистонро дар умури минтақавӣ ва байналмилалӣ ба таври возеҳ инъикос намуд.

Бояд қайд намуд, ки зимни ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми арзанда ва мусоидати бисёрсола дар рушду густариши робитаҳои дӯстии неки ҳамсоягӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии байни ду кишвар аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо ордени “Дӯстӣ”-и Ҷумҳурии Мардумии Чин сарфароз гардонида шуд. Боиси ифтихор аст, ки дар таърихи давлатдории Чин бори аввал аст, ки ин мукофоти олии давлатӣ берун аз кишвар ва маҳз дар сарзамини тоҷикон тақдим карда мешавад.

Эътибор ва нуфузи Тоҷикистон: Ҷанбаи дигари таассуроти мусбати ҷомеаи кишвар аз пазироии меҳмонон ба он асоснок мегардад, ки мардуми Тоҷикистон ин сафарҳоро далели саъю кӯшиши Ҳукумати мамлакат дар самти бунёди ҷомеаи осоишта, субот ва шукуфон арзёбӣ менамоянд. Чунки дар ҷараёни боздидҳо имкон фароҳам гардид, то мардуми Тоҷикистон фарҳангу анъанаҳои ғании худро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, маҳорати баланди дипломатӣ ва пазироии фарогири меҳмонон обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшид.

Вобаста ба нуфузи рӯзафзуни Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш махсусан таъкид намуд, ки Тоҷикистон дар фаъолияти СММ ва умуман ҷомеаи ҷаҳон нақши барҷаста ва нуфузи бузург дорад.

Ҳамин аст, ки бо дарназардошти эҳсоси масъулияти ватандӯстӣ аз ҷониби сокинони пойтахт меҳмоннавозии гарму ҷӯшон нисбат ба меҳмонони олиқадр зоҳир карда шуд. Лозим ба таъкид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваю ғайрат ва иқтидори худро ҷиҳати истиқбол аз меҳмоннавозӣ дареғ намедорад. Маҳз ин нукта бо ҷузъиёташ аз ҷониби меҳмонон баҳои баланд гирифт ва ба руҳияи меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон таровати тоза бахшид.

Дар маҷмуъ, гуфтаҳои боло аз он шаҳодат медиҳанд, ки коршиносони байналмилалӣ ба маҳорати дипломатии Тоҷикистон дар самти меҳмоннавозии шахсиятҳои сиёсии ҷаҳон баҳои баланд доданд. Воқеан, низ Тоҷикистон тавонист, ки сафари ин меҳмонони воломақомро бомуваффақият баргузор намуда, фазои мусоиди муколама ва ҳамкориро фароҳам оварад.

Маҳорати баланди дипломатӣ ва меҳмоннавозии тоҷикон дар ташкили фазои амну созанда дар ҷараёни сафарҳои меҳмонони воломақом нақши муҳим бозида, ин талошҳо равобити ҷонибҳоро таҳким бахшида, эътимоду ҳамкориҳоро густариш дода, обрӯи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ бамаротиб боло бурд.

Талбаков Саидаҳтам Исроилович,

Сардори Раёсати таҳлил ва оянданигарии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE