Дар Риёз мулоқоти сафирони Тоҷикистон ва Чин дар Арабистони Саудӣ баргузор шуд

16 июл дар Риёз мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Мардумии Чин  дар Арабистони Саудӣ, фиристодаи махсуси Чин дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Чанг Ҳуа баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд.

Дар мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE