Обид Назариён: Талоши Вазорати фарҳанг барои ташаккули фазои фарҳанг назаррас аст
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2024 баҳри амалисозии сиёсати фарҳангии кишвар ва ташаккули фазои ягонаи фарҳангӣ фаъолияти худро равона намуд. Дар ин давра дар ҳайёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва фарҳангии кишвар рӯйдоду чорабиниҳои басо муҳим баргузор гардиданд, ки онҳо дар ташакули маънавиёти ҷомеа, пур намудани фазои фарҳангии кишвар ва муаррифии санъату ҳунари миллӣ нақши муассир бозидаанд.
Аҳли фарҳанги кишвар дар баргузории чорабиниҳои муҳимми сиёсиву фарҳангӣ,аз қабили таҷлили Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иди байналмилалии Наврӯз, баномаҳои муштараки,” Шоми дӯстӣ” бо кишварҳои Туркманистон ва Ӯзбекистон, Фестивал – симпозиуми байналмилалии”Шашмақом”, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Озарбойҷон, таҷлили 30- солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ, Конфронси байналмилалии об, таҷлили 815- солагии мутафаккири бузурги тоҷик Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар қароргоҳи ЮНЕСКО ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ- маърифати саҳми назаррас гузоштаанд. Ин нуқта имрӯз зимни баргузории нишасти матбуотии дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Дар идома Муовини аввали Вазири фарҳанг Обид Назариён таъкид кард, ки талоши Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули фазои фарҳанг дар Тоҷикистон назаррас аст.
Сайёҳат Содиқова,
“Садои Душанбе”