Баргузории ҷаласа дар Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Мақом ва манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ: ташаббуси навбатии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025” баргузор гардид. Дар кори он Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Азиззода Шуҳрат, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода, роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдураҳмон Хонзода ва дигар аъзоёни Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар ифтитоҳи ҳамоиш Мушовири бахши Ёрдамчии Президенти ҶТ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Азиззода Шуҳрат зикр намуд, ки хатару таҳдидҳои камшавии об ва тағирёбии иқлим яке аз муаммоҳои глобалии сайёра ба ҳисоб меравад.
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода зимни суханронии хеш иброз дошт, ки ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикстон назари навро дар истифодаи захирахои об дар минтақа ва ҷаҳон ба миён меорад.
Бояд зикр намуд, ки Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ тӯли чандин сол бо мақсади беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон, таъсири равандҳои иқлимӣ, коҳишёбӣ ва ғизодиҳии онҳо ба дарёҳои минтақа фаъолият намуда, тартиботи дурусти мониторингро ба роҳ мондааст. Раҳмонов Рамазон сардори маркази яхшиносии Агентии обу ҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат қайд намуд, ки дар воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон обшавии босуръати пиряхҳо мушоҳида мешавад.