Дар шаҳри Кӯлоб Маркази таълимии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ифтитоҳ гардид
Дар ҷараёни сафар ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар маҳаллаи Ҷумъа Алии шаҳри Кӯлоб Маркази таълимии Донишгоҳи Осиёи Марказиро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Фармоишгари иншоот Авазхон Гадоев мебошад. Бино бо маблағи умумии 2,5 миллион сомонӣ бунёд гардида, аз 3 ошёна иборат буда, дар он зиёда аз 20 нафар ба кор ҷалб шудаанд.
Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ «Идриси Ҷаҳон» таҳия гардида, корҳои сохтмонии иншоот соли 2019 оғоз гардидаанд.
Дар айни замон дар иншоот корҳои сохтмонӣ пурра ба анҷом расонида шудаанд.
Сарвазири мамлакат зимни шиносоӣ бо имконоти муассиса ва фаъолияти марказҳо таъкид намуд, ки бо истифода аз чунин шароит ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шавад.