1 август дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Академияи миллии илмҳо ва Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ баргузор мешавад

1 август дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2024 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ соати 09:00 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав соати 10:00 доир мегардад.

Дар Суди Олии иқтисодӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 баргузор  мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод соати 08:00 ва дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ соати 08:00 барпо мешавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE