Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
Дар назди бинои Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб бинои нави раёсат сохта мешавад, ки дар айни замон дар он корҳо бо суръат идома доранд. Бино бо маблағгузории Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар ин хусус аз Раёсати ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб хабар доданд.
Гуфта шуд, ки иншоот дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ сохта шуда, бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз ва бо мизу курсиҳои замонавӣ таъмин мегардад.
Ҳоло дар ошёнаи 3 –юми бино сохтмон идома дошта, 15 коргари маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Бино барои кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб ва шаҳри Кӯлоб пешбинӣ шудааст.
Ба иттилои Қурбон Соҳибов, баъди анҷоми сохтмон дар ошёнаи якуми бино осорхонаи замонавӣ барои парандагону ҳайвоноти нодир, дар таҳхонаи бино озмоишгоҳи Раёсат бо тамоми таҷҳизот ва дар ошёнаи панҷуми он меҳмонхона ба истифода дода мешавад.
Бинои нави Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб тибқи нақша охири соли 2024 ба истифода дода мешавад.