Исматулло Насредин бо роҳбари навтаъйини Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон Виктор Лутенко мулоқот кард

7 августи соли 2024 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин роҳбари навтаъйини Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират (IOM) дар Тоҷикистон Виктор Лутенкоро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз ВКХ хабар доданд.

Дар рафти мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва IOM мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо инчунин лоиҳаҳои дар Тоҷикистон татбиқшавандаи IOM-ро матраҳ намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE