“Шашмақом” дар меҳвари барномаҳои мусиқии “Садои Душанбе”
Доир ба роҳу усулҳои рушду тарғиби Шашмақом андешаҳои мухталиф зиёданд. Масалан, пажӯҳишгари шинохтаи санъати мусиқии Шашмақом ва умуман, санъати точик Абдувалӣ Абдурашидов бар ин назар аст, ки дар мо имрӯз ҳанӯз ҳам устодони асил – соҳибҳунарони чирадасте камшуморанд, ки дорандаи малакаҳои зарурӣ бошанд, донандаи хуби назокату шаҳомати Шашмақом бошанд, обрӯяшон сатҳи маърифати мусиқишиносии ҷомеаро ташаккул диҳад ва равандҳои эҷодию ҳунариро ба маҷрои дуруст равона созад. Дуруст аст, ки ҳар кас ҳуқуқ дорад перомуни ин падидаи нодири мусиқӣ ибрози назар кунад, аммо набояд ҳар касе худро муайянкунандаи консепсияи рушди санъати мақомхонӣ ҳисоб намояд.
Роҷеъ ба зуҳуроти иҷроии мақом адабиётшиносон, муаррихон ва мусиқидонон афкори мухталиф доранд, ҳарчанд аз ҳунару амалияи мусиқӣ мукаммалан огох нестанд. Ҳунармандонеро низ метавон вохӯрд, ки асарҳои ҷудогонаи мақомро иҷро мекунанду худро аллакай донандаи Шашмақом мепиндоранд, ки албатта, камоли такаббури беҷост. Донандаи асили Шашмақом бояд асосҳои илмии Шашмақомро кифоятан бидонад ва амиқ дарк намояд, ки мақом чун асар ё худ силсила чисту чӣ сохтор дорад, таносуби вазнҳои назму мусиқии он, ташаккули системаи парда ва мусиқии Шашмақом дар иртибот бо дастаи овозии танбӯр, навъҳои силсилаҳои мақом ва умуман, матни комили мусиқӣ чӣ гуна аст ва мисли ин.
Метавон тахмин кард, ки имрӯз қисматҳои Шашмақом, амсоли Сарахбори сегох, Ороми ҷон, Савти чоргоҳ, Сарахбори рост, Насри ушшоқ, Наврӯзи Аҷам, Талқинчаи Сабо аз назари парда, зарб, таносуби вазни шеъру мусиқӣ, таъсиси оҳанг, авҷу намудҳо иштибоҳан сабту иҷро шудаанд. Ин метавонад боиси он гардад, ки мақомҳо ба ҳамдигар омезиш ёбанду минбаъд аз якдигар фарқ накунанд.
Тарбияи ҳунармандони ояндаи аз амалияву назарияи мусиқии суннатиамон комилан огоҳ рисолати касбии таълимгоҳҳои олии мусиқист, аз ҷумла Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, ки ин рисолатро масъулиятшиносона дарк мекунаду муваффақона анҷом медиҳад.
Мо дар барномаҳои хеш роҷеъ ба шаффофияти самтҳои фаъолияти таълимиву эҷодиву илмӣ дар ин дабистони ҳунар, ширкати фаъоли омӯзгорону донишҷӯёнаш дар чорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ, эҳёи анъанаҳои мусиқии пешина тавассути баргузории консертҳои синфӣ, шомҳои фалакхониву мақомхонӣ ҳамеша ҳарф мезанем, ки ин ҳама аз самти дурусти таълими мусиқии суннативу классикӣ дар ин таълимгоҳи олии мусиқӣ дарак медиҳад.
Хуршед БАРИЕВ,
“Садои Душанбе”