Дар пойтахт нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 баргузор мегардад

Бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯзҳои 25-27 сентябри соли 2024 бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии сайёҳӣ дар пойтахти мамлакат нахустин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 (Dushanbe International Tourism Exhibition (DITE)-2024) баргузор мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар доданд.

Мақсад аз баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2024 (DITE-2024) рушди соҳаи сайёҳӣ, ташкили бозори сайёҳии минтақа дар шаҳри Душанбе, муаррифии иқтидори бойи табиӣ, сайёҳиву фарҳангӣ ва табобатию солимгардонии мамлакат, омӯзиши таҷрибаи пешқадам, ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ, татбиқи лоиҳаҳои сайёҳӣ, таҳкими ҳамкории соҳавӣ ва бародаршаҳрӣ, рушди шарикӣ бо субъектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва дар ин замина таҳияи стратегияҳои муштараки сайёҳӣ ба шумор меравад.

Дар DITE субъектҳои хизматрасони сайёҳии Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳон, бахусус бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои шарики шаҳри Душанбе, аз қабили ширкатҳои сайёҳӣ, ҳавопаймоӣ, меҳмонхонаву тарабхонаҳо, муассисаҳои табобативу солимгардонӣ, фарҳангиву таърихӣ ва фароғатӣ иштирок менамоянд. Вохӯриҳо дар шакли B2B ва баимзорасонии санадҳои нави ҳамкорӣ пешбинӣ гардидаанд.

Ҳамзамон дар доираи кори намоишгоҳ баргузории Форуми байналмилалии сайёҳии Душанбе дар назар дошта шудааст. Инчунин зимни баргузории намоишгоҳ машғулиятҳои омӯзишӣ вобаста ба масъалаи хизматрасонӣ дар тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва роҳбаладӣ доир карда мешаванд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE