Дар Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия доир мегардад

19 сентябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи IX Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия баргузор мегардад. Дар ин хусус аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар ҷаласа аъзои шуро аз Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Арманистон ва Беларус иштирок мекунанд.

Дар доираи ҷаласа баимзорасонии созишномаи ҳамкорӣ байни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Федератсияи Русия дар назар аст.

Бояд ёдовар шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои ин шуро ҳамчун нозир иштирок намуда, шуруъ аз соли 2021- баъд аз гузаштани расмиёти дохилидавлатӣ узви комилҳуқуқи шуро интихоб гардид.

Ҷаласаи VIII Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсия 4 июли соли 2023 дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар асоси қарори ин ҷаласа Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамраиси Шурои байнидавлатии муқовимат ба коррупсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил интихоб гардид.

Тасмим гирифта шуд, ки ҷаласаи навбатии Шуро соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE