Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Австрия доир шуданд
3 октябр дар шаҳри Душанбе даври ёздаҳуми машваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Австрия баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Машваратҳо таҳти роҳбарии муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин ва муовини мудири кулл дар умури сиёсии Вазорати федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Австрия Герҳард Зайллер доир шуданд.
Дар машваратҳо доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тандурустӣ, илму фарҳанг, сайёҳӣ ва амният, инчунин роҳандозии ҳамкории судманд дар соҳаи манбаъҳои неруи таҷдидпазир мубодилаи афкори созанда карда шуд.
Ҳамчунин мушорикат дар доираи созмонҳои байналмилию минтақавӣ дар меҳвари гуфтугӯи ҳайатҳо қарор дошт.
Тарафҳо рағбати худро ба густариши бештари муносибатҳои гуногунҷанба байни Тоҷикистон ва Австрия дар соҳаҳои мавриди эҳтимом таъкид доштанд.