35-солагии Истиқлол: Дар Ҳисор беш аз 1500 иншооти ҷашнӣ бунёд мегарданд

Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор беш аз 1500 иншооти дорои таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад. Ин нукта дар ҷаласаи корӣ, ки имрӯз таҳти раёсати раиси шаҳри Ҳисор Қосим Роҳбар бо иштироки мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳи раиси шаҳр, раисон ва котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва дигар сохторҳо, ки ба ҳайати зергурӯҳҳои корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, доир гардид, баён шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки дар ҷаласа масъалаи нақшаи чорабиниҳои омоданамудаи зергурӯҳҳои корӣ оид ба корҳои ободонию созандагӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси шаҳри Ҳисор «Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиҷлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид.

Раиси шаҳр нақшаи омоданамудаи зергурӯҳҳои кориро дар ҷамоатҳо, ки 124 адад иншоот дар самти сохтмон, 29 адад саноат, 36 адад кишоварзӣ, 47 адад маориф, 43 адад тандурустӣ ва боқимонда иншооти фарҳангиву варзишӣ, сайёҳию хизматрасонӣ ва савдоро дар бар гирифта, дар маҷмӯъ 1545 ададро ташкил додааст, тариқи монитор муаррифӣ намуд.

Ба масъулини зергурӯҳҳо ва раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бори дигар таъкид гардид, ки зимни банақшагирии иншоот ба мушкилоти иҷтимоии маҳалла ва деҳот эътибори ҷиддӣ дода, аз бунёди иншооте, ки ниёз ба он нест худдорӣ намоянд. Дар ин маврид пешниҳоди Ҳукумати мамлакатро бахшида ба рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки бунёди 17 номгӯи корхонаҳои алоҳидаи саноатиро дар шаҳру ноҳияҳо тавсия дода, ҳатмӣ шуморидааст, ба инобат гиранд.

Иштирокддорони ҷаласа бо хулосаи Комиссияи давлатӣ оид ба ҷудо намудани қиттъаи замин барои эҳтиёҷоти давлатии назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, ки ҳуҷҷатгузории аксарияти онро ба интихоби қитъаи замин мутобиқ ҳисобидааст, шинос гардиданд.

Ҳамзамон раиси шаҳр аъзои комиссияи давлатиро барои ҳуҷҷатгузории бемамонияти иншооти ҷашнӣ тариқи равзанаи ягона супориш дода, роҳбарони зергурӯҳҳои корӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳрак, роҳбарони муассисаю воҳидҳои сохторӣ, ва дигар шахсони масъулро ҷиҳати омода намудани лоиҳаи ниҳоии нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ то санаи 20 май вазифадор намуд.

Таъкид гардид, ки лоиҳаи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ, ба ҷаласаи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ки моҳи июн доир мешавад, пешниҳод карда мешавад.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE