СУЛТОН КАРИМОВ: МАҚСАД АЗ ШИРКАТ ДАР ОЗМУНИ “ФУРӮИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” БОЙ НАМУДАНИ ДОНИШАМ БУД

Китоб ганҷинаи бебаҳоест, ки инсон ба он дилбастагии амиқ дорад. Он таҷассумгари бурду бохти зиндагӣ, сарвати ҷаҳони маънавӣ ва раҳнамоест, ки ҷомеаро аз ҷиҳати маънавию идрок неруманд сохта, баҳри дарёфти ормонҳои олии инсонӣ ёвару маслиҳатгари беғараз мебошад. Ҷавонони мо вақти қиммати худро беҳҳуда нагузаронида пайваста ба мутолиаи китоб сарф намоянд, зеро китоб дӯсти беминнату вафодор ва роҳбалади оқилу хирадманди мост.

Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони кишвар доир гардид.

Яке аз иштирокчии фаъоли ин Озмун Султон Каримов донишҷӯи курси 1 – уми факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад, ки аз рӯи номинаи “Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти классики тоҷик” дар даври ниҳоӣ ҷойи дуюмро ишғол намуд.

Султонро пайваста волидонаш талқин мекарданд, ки ба ғайр аз китобҳои дарсӣ осори бадеиро низ мутолиа намоянд Маҳз ҳамин мутолиааш буд, ки дар ин Озмуни ҷумҳуриявӣ муввафақ шуд ва барои дарёфт намудани асарҳои бадеӣ ва интихоб намудани номинатсия ба ҳамсуҳбати мо омӯзгоронаш Низорамоҳ Зоирова ва Рустам Наботӣ мебошанд.

Дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Султон зиёда аз 170 ғазал, 670 рубоиву дубайтӣ, 650 мисраа достон, 350 мисраъ қасида ва зиёда аз 500 мисраъ ашъори шуарои гуногунро пешниҳоди аъзои ҳакамон намуд.

Ба гуфти Султон, Озмуни мазкур бори дигар дар дили ҳар фарди мамлакат меҳру муҳаббатро нисбат ба китобхонӣ афзун мегардонад. Мақсад аз иштирокам дар ин Озмун ғанӣ ва бой намудани донишам мебошад”, – мегӯяд ӯ.

Ба гуфти Султон, баргузории Озмуни мазкур барои тамоми дӯстдорону ҳаводорони олами китоб самараву натиҷаҳои хубу назаррасро ба бор овард.

Зулайхо РАСУЛОВА,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE