Бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»-ро Сайёдҷон Зайниддинов доварӣ мекунад
Доварон, нозири доварон, ҳамоҳангсоз ва комиссари бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 оид ба футбол, ки дар он дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хуҷанд» ба ҳам меоянд, таъйин шуданд, хабар медиҳад Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Довари марказии ин дидор довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов аз Душанбе таъйин шуд. Ба ӯ Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) ва Ҷӯрабек Содиқов (Варзоб) кумак мекунанд. Вазифаи довари эҳтиётӣ ба Бахтиёр Комилов аз Кӯлоб вогузор шудааст. Довари ФИФА Аскар Наҷафалиев аз Узбекистон дар VAR кор карда, Шарифбек Нуруддинов (Душанбе) ба ҳайси ёвари VAR фаъолият менамояд. Сафармаҳмад Шоймардонов аз Хуросон кори ҳайати доваронро назорат мекунад. Раҳмон Муртазоев ҳамоҳангсози финал ва Сӯҳроб Ҳамидов комиссари бозӣ таъйин шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2024 байни дастаҳои «Регар-ТадАЗ» ва «Хуҷанд» 20 октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Истаравшан баргузор мешавад. Вохӯрӣ соати 14:30 оғоз мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон