Конститутсия – бахтномаи миллат, калиди маърифат ва ташаккули фaзoи зиддикоррупсионии ҷомеа»
Имрӯз Донишгоҳи давлатии тибби Тоҷикистон дар ҳошияи таҷлили 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Конститутсия – бахтномаи миллат, калиди маърифат ва ташаккули фaзoи зиддикоррупсионии ҷомеа» ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар кори ҳамоиш намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо, Академияи миллии илмҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии касбӣ ва олимону омӯзгорон иштирок намуданд. Ҳамоиш аз қисмати назариявию фарҳагӣ иборат буда, нахуст қисмати назариявии онро Сулаймон Султонзода – директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бокорупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, вобаста ба муҳимияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши ин санади тақдирсоз дар ташаккули давлатдории навини тоҷикон изҳори назар намуд. Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки воқеан ҳам эҳтирому арҷгузорӣ ба Конститутсия дар он ифода меëбад, ки ин санади муҳим дар бунëди давлати демократӣ, ҳуқуқбунëд, дунявӣ, ягона ва дар умум барои зиндагии орому осоиштаи имрӯзаи мо дар ҳақиқат нақши таърихию калидӣ дорад.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе