Дар Душанбе ҷаласаи якуми Шурои олимони ҷавони давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
23 октябр дар Душанбе ҷаласаи якуми Шурои олимони ҷавон дар назди Шуро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, хабар доданд аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
Дар кори ҷаласа раисони Шурои олимони ҷавон аз Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Русия ва намояндагон аз Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуда, масоили вобаста ба таҳким ва тақвияти ҳамкории илмӣ байни олимони ҷавони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Олимони ҷавон андешаҳояшонро оид ба корбурди минбаъда дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштарак баён намуда, ҳамкории судмандро барои ба роҳ мондани лоиҳаҳои муштараки илмӣ- таҳқиқотӣ таъкид намуданд