Сафири Тоҷикистон бо Амири минтақаи Риёзи Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ Акрам Каримӣ бо Амири минтақаи Риёзи Арабистони Саудӣ шоҳзода Файсал ибни Бандар ибни Абдулазиз Оли Сауд мулоқот намуд. Дар бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва роҳҳои таҳкими он дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва фарҳангӣ баррасӣ гардиданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ