ДДТТ: соли 2021 кафедраи суғурта дар ҳамоиши ИДМ “базаи асосии омодакунии кадрҳои соҳаи суғуртаи ИДМ” эътироф гардид

Соли таҳсили 2019 – 2020 дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон 8 ихтисоси нав, аз ҷумла иқтисодиёти бизнеси электронӣ, иқтисодиёт ва ташкили бизнеси тарабхонаҳо, менеҷменти тарабхона ва меҳмонхонаҳо, сервиси тарабхона ва меҳмонхонаҳо, ҳуқуқи андозу бонкӣ, ҳуқуқи гумрукӣ, ҳуқуқи иттилоотӣ, бехатарии иқтисодӣ вобаста ба талаботи бозори меҳнат ва рақобатпазирии донишгоҳ таъсис ёфт, – зикр намуд ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ зимни нишасти матбуотӣ.

Ҳамчунин, таъкид карда шуд, ки тайи ду соли охир бо супориши Ҳукумати ҷумҳурӣ дар донишгоҳ базаи тайёр намудани мутахассисони соҳаи суғурта ба роҳ монда шудаву дар оғози соли 2021 кафедраи суғурта дар ҳамоиши ИДМ хамчун “базаи асосии омодакунии кадрҳои соҳаи суғуртаи ИДМ” қабул карда шуд ва ин дастоварди на танҳо ДДТТ, балки ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Шоистаи АҲМАД,

Радиои Тоҷикистон

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE