Гулафзо Пирова: китоб ягона воситаест, ки истеъдоду қобилияти шахсро мукаммал месозад
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» исбот кард, ки тоҷикон аз азал миллати соҳибкитобу сохибфарҳанг буданд. Дар замони ҷаҳонишаӣ ҳар яки моро зарур аст, ки аз гузаштаи хеш ба таври мукаммал сабақ гирифта, дар ҳифзи ватани азизи хеш талош намоем.
Баргузории чунин озмунҳо пеш аз ҳама дар таълиму тарбияи фарзандон нақши муҳим мегузорад. Дониши наврасону ҷавононро аз ҷиҳати омӯзиши илмҳои гуногун ва донистани забон комил месозад. Фикрронии хонандагонро аз лиҳози хаттиву шифоҳӣ васеъ мегардонад. Аз ҳама муҳимаш вақтн наврасону ҷавонони мо беҳуда сипарӣ намешавад.
Ҳарчанд имрӯз вазъи эпидимологӣ дар ҷаҳон номусоид аст, вале масъулини соҳаҳои маорифу фарҳанг, хусусан кормандони китобхонаҳо барои дар сатҳи баланд гузаштани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тамоми кӯшишҳои худро равона мекарданд.
Гулафзо Пирова яке аз иштирокчиёни фаъоли Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» буда, соли гузашта низ аз рӯи номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики форуси тоҷик” ширкат намуда, соҳиби мукофоти вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гардида буд. Имсол бошад, ин духтараки хушзавқаз рӯи номинатсияи “Хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосир” иштирок намуда, сазовори ҷойи дуюм гардид.
“Китоб воқеан хазинаи бебаҳои ҳар халқу миллат аст. Зуҳури забону таърих ва фарҳанги ҳар миллатро тавассути китобаш мешиносанд. Гузашта аз ин, китоб ягона воситаест, ки истеъдоду қобилияти шахсро мукаммал месозад”, – мегӯяд Гулафзо Пирова.
Яке аз роҳҳои соҳибмаърифат гардонидани ҷомеа ин тарғибу ташвиқи мутолиаи китоб мебошад. Китоб хазинаи бебаҳои ҳар миллат буда, инъикосгари таъриху фарҳанги ҳар давлат аст. Ба востаи ин дурдонаи маънӣ андешаҳо комил мегардаду суханҳо пухтаву дилнишин мешаванд.
Оне, ки ҳамеша китоб мехонад, сохибхираду солимфикр аст. Ба ҳамин хотир, ниёгони мо ба бузургии китоб арҷ мегузоштанд. Китоб ягона махзанест, ки тамоми асрори дунё дар он ҷой гирифтааст. Бесабаб нест, ки гузаштагони мо, алалхусус миллати фарҳангдӯсту адабпарвари тоҷик ҳанӯз аз давраи ташаккулаш ба китоб рӯй овардааст. Бояд зикр намуд, ки рӯ ба китоб овардан ин рӯ ба махзани илму маърифат овардан аст.
Умедҷон ХОЛОВ,
“Садои Душанбе”