Дар Москва ба бузургдошти академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмию амалӣ гузаронида шуд
30 октябр дар шаҳри Москва бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия дар ҳамкорӣ бо Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия ба бузургдошти хотираи академик Бобоҷон Ғафуров конфронси илмию амалӣ баргузор гардид. Дар ин хусус Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Дар конфронс доираҳои илмиву эҷодӣ, аз ҷумла шоирону нависандагон, олимону муҳаққиқон ва омӯзгорони муассисаҳои олии кишвари иқомат суханронӣ карданд.
Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода иброз намуд, ки саҳми Бобоҷон Ғафуров дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон, инкишофи илму фарҳанги муосири ҷумҳурӣ ва илми шарқшиносии асри ХХ бисёр муассир арзёбӣ шудааст.
Иброз гардид, ки Бобоҷон Ғафуров тамоми ҳаёт ва фаъолияташро дар самти таҳқиқи анъанаҳои давлатдории тоҷикон, гузаштаи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик, мақом ва ҷойгоҳи таърихии тоҷикон дар илму адаб ва фарҳангу тамаддуни башарӣ сарф намудааст. Барои фаъолияти барҷастаи давлатӣ ва хизматҳои бузург дар инкишофи илму фарҳанг, худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ ба Бобоҷон Ғафуров 8 сентябри соли 1997 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Дар конфронс олимону коршиносони сатҳи байналмилалӣ, аз ҷумла академики Академияи илмҳои Русия Виталий Наумкин ва Директори Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Аликбер Аликберов сухан намуда, хизматҳои арзандаи Бобоҷон Ғафуровро дар роҳи муаррифии мардуми бофарҳангу тамаддунофари тоҷик дар арсаи байналмилалӣ таъкид намуданд.
Дар доираи баргузории конфронс либосҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ, аксҳо аз ҳаёт ва фаъолияти Бобоҷон Ғафуров ва шоҳасари ӯ «Тоҷикон» ба намоиш гузошта шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия