«ШУҶОАТ ВА ҶАВОНМАРДӢ». Байни сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ҳамоиши ватандӯстона доир шуд
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи телевизон ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии таъсиси Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи телевизионии «Шуҷоат ва ҷавонмардӣ» таҳия ва сабт гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Мақсад аз сабти барнома- таҳкими ҳисси меҳанпарастӣ, ташаккули тафаккури ҷавонон дар роҳи ҳифзи Ватан, шинохти арзишҳои милливу давлатӣ, муқаддасоти миллӣ, эҳтиром ба насли калонсол, садоқат ба Ватан ва хизмати содиқона ба Ватан мебошад. Таъкид гардид, ки тарбияи ватандӯстӣ омили муҳими рушди давлатдории миллӣ буда, дар натиҷаи он шаҳрвандон миллату давлат ва сарзамини аҷдодиашонро бештар дӯст медоранд. Ҳамчунин фарҳангу таърихи гузаштаро ҳимоя намуда, барои рушди давлат содиқона меҳнат мекунанд.
Бо ин мақсад соли 2022 аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» ба имзо расид, ки дар тарбияи ватандӯстонаи шаҳрвандон нақши муассир мегузорад.
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш барои татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» мақоми ваколатдори давлатӣ муайян гардида, бо мақсади боз ҳам дуруст ва ҳамоҳанг сохтани фаъолияти сохторҳои идеологӣ барои баланд бардоштани тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар ин самт тадбирҳои мушаххас ва муҳим меандешад. Баргузории ин чорабиниҳо низ аз ин ҷумла аст.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои якҷоя, чунин барномаҳои дорои хусусияти ҳарбӣ-ватандӯстона минбаъд дар дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ сабт карда мешаванд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон