Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Молдова Майя Санду барқияи табрикӣ ирсол намуданд

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Молдова муҳтарам Майя Санду барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Хонуми Олиҷоҳ,

Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба маснади Президенти Ҷумҳурии Молдова сидқан табрику муборакбод мегӯям.

Ба Шумо саломатии бардавому саодатмандӣ ва дар идомаи фаъолияти сермасъули давлатиатон комёбиҳо, ба мардуми дӯсти Молдова сулҳу суботи пойдор ва пешрафту шукуфоӣ орзу менамоям.

Тайи давраи соҳибистиқлолӣ кишварҳои мо бар асоси усулҳои дӯстӣ, ҳусни тафоҳум ва эҳтироми ҳамдигарӣ робитаҳои ҳамкории созанда дар арсаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи муштарак ба роҳ монда, пеш мебаранд.

Бовар дорам, ки ду ҷониб бо такя ба ин анъанаҳои нек ҷиҳати рушду тавсеаи муносибатҳои байнидавлатии худ минбаъд ҳам саъю кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ хоҳанд дод. Омодагии инҷонибро барои иқдомҳои якҷоя дар ин ҷода иброз менамоям».

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE