Портали миллии сайёҳии Тоҷикистон дар таҳрири нав мавриди истифода қарор дода шуд
27 ноябр дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон маросими ифтитоҳипортали сайёҳии Тоҷикистонwww.traveltajikistan.tj дар таҳрири навбаргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Раиси Кумита иброз намуд, ки портали миллии такмилёфтаи сайёҳӣ идомаи талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри муаррифии имконияти бузурги сайёҳӣ ва ҷалби бештари сайёҳон ба мамлакат мебошад.
Портал дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияташ махдуди «Сомон Технолоҷи» дар шакл ва тарҳи нав бо истифода аз равзанаҳои муҳими иттилоотию таблиғотӣ таҳия шудааст.
Портал тамоми самтҳои фаъолияти сайёҳии Тоҷикистонро фаро гирифта, воситаи хуби иттилоотӣ барои сайёҳон ва алақамандони мамлакат мебошад. Дар саҳифаи аввали портал бо навиштаҷоти «Тоҷикистон- сарзамини кӯҳҳои нотакрор, пиряхҳои абадӣ, чашмаҳои шифобахш, оби пок ва фарҳанги бостонӣ» бо тағйир ёфтани аксҳои ҷолиб бинанда ҷолибияти имконияи мамлакатро эҳсос менамояд.
Дар портал маълумоти пурра оид ба имконоти сайёҳии Тоҷикистон, минтақаҳо (Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ) ва равзанаҳои иттилоотии зерин, аз қабили «Намудҳои сайёҳӣ», «Хатсайрҳо», «Чорабиниҳо/Ҷашнҳо», «Дастур барои сайёҳ» (асъор, нақлиёт, меҳмонхона, раводид) ҷойгир шудааст.
Инчунин ба он равзанаҳои алоҳидаи «Истисноҳои муфид», «Тағйирёбии шароити обу ҳаво дар реҷаи онлайн», «Тағйирёбии шароити қурби асъор дар реҷаи онлайн» ва ғайра дохил мешаванд, ки барои истифодабарандагон, бахусус сайёҳони хориҷӣ хеле муфид аст.
Портали сайёҳии Тоҷикистон бо 3 забон- тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода ва ба сайёҳони хориҷию дохилӣ нигаронида шуда, ба смартфонҳо ва планшетҳо мутобиқ шудааст.
Портали миллии сайёҳӣ қадами хеле зарурӣ барои таъмини сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ бо маълумоти босифат ва боэътимод дар бораи мавзеъҳои сайёҳии давлати мо мебошад. Дар ин ҷо барои дӯстдорони кӯҳҳо, обу чашмаҳо, табиат, таърих, меъморӣ, дин, экология, ҷуғрофиё, этнография ва дигар соҳаҳо маълумоти зарурӣ мавҷуд мебошад.
Бояд гуфт, ки сафар ба Тоҷикистон бо истифода аз портали сайёҳӣ метавонад барои ҳар сайёҳ хотираи гуворое аз саргузашти воқеии ҳаёт бошад. Яъне, портал воситаи хуби банақшагирии сафар барои онҳое мебошад, ки мехоҳанд давлати зебои моро тамошо намоянд.