Виктория Киселёва аз Тоҷикистон соҳиби медали тиллои мусобиқаи «Hong Kong Asian Open» гардид
Варзишгардухтар аз Тоҷикистон Виктория Киселёва дар мусобиқаи «Hong Kong Asian Open» оид ба ҷудо байни духтарон дар вазни ҷамъи 78 кг соҳиби медали тилло гардид. Дар ин хусус Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ин варзишгари 19-сола дар даври ниҳоӣ бар варзишгардухтари Кореяи Ҷанубӣ ғолиб омад.
Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқаи бузурги Осиё — Hong Kong Asian Open-2024 аз Тоҷикистон ду духтари ҷудочӣ — Александра Кан (57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг) иштирок намуданд.
Ин мусобиқа барои варзишгарон бобати дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпӣ ва рейтинги ҷаҳонӣ марҳилаи муҳим мебошад.
Дар таърихи ҷудои Тоҷикистон ин аввалин медал байни занон маҳсуб мешавад.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон