Дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор» шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд

12 декабр дар Муассисаи давлатии «Хона-интернати беморони руҳии шаҳри Ҳисор» шуъбаи тавонбахшӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Шуъбаи тавонбахшӣ аз ҳуҷраҳои тандармонӣ, истироҳат баъд аз гирифтани тавонбахшӣ, маҳсдармонӣ ва ҳуҷраи машқҳои сабук иборат буда, барои ба тавонбахшӣ фаро гирифтани бошандагони ин муассиса тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ба тавонбахшӣ фаро гирифтани маъюбон яке аз самтҳои муҳими соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба шумор рафта, саҳми он дар беҳтар намудани саломатии маъюбон назаррас мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки «мо ба раванди солимгардонии маъюбон, дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла кӯдакони ятиму бесаробонмонда, оилаҳои камбизоат ва дастрасии онҳо ба хизматрасонии тиббию иҷтимоӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамоем».

Бо мақсади беҳтар намудани вазъи шахсони маъюб дар мамлакат санадҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқҳои маъюбон ва таъминоти иҷтимоии онҳо, аз ҷумла «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» амал менамояд.

Бояд гуфт, ки бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи махсуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои маъюбон дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шуда, сол то сол шароити иқтисодию иҷтимоии онҳо беҳтар мегардад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE