Дар шаҳри Хуҷанд дуюмин мусобиқаи байналмиллалии гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Дар маросими қадршиносии ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок карда, ба ғолибон Ҷом ва мукофотҳои пулиро тақдим намуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.

Дар мусобиқаи байналмиллалии гӯштингирӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки намояндагони 15 давлат иштирок доштанд, 11 нафар намояндагони Тоҷикистон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.

акс: хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE