Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара шинос шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ бо ҳолати зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара шинос гардид. Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки муассисаҳои таълимии ноҳия ҳанӯз моҳҳои гузашта ба давраи зимистон омодагии ҳамаҷониба дида, миқдори зарурии ангишт, ҳезум ва дигар сӯзишвориро захира намуданд.
Ҳамзамон зимни шиносоӣ ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2024-2025» санҷида шуда, барои баланд бардоштани сифати таҳсил, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва назорати ҷиддӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дастур дода шуд.
Инчунин ба масъулин барои беҳтар намудани давомоти хонандагон, пешгириии ҳамроҳшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, боло бурдани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии хонандагон, муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои фаннӣ бо асбоби аёнӣ ва сари вақт амалӣ намудани имтиёзҳо барои омӯзгорони ҷавон дастурҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара