ДДОТ: 110 – солагии адабиётшинос Холиқ Мирзозода таҷлил гардид
Имрӯз дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмию назариявӣ дар мавзӯи “Холиқ Мирзозода ва масъалаҳои адабиётшиносии тоҷик дар асри ХХ”дар иртибот ба ифтихори 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90 – солагии таъсисёбии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва 110 – солагии донишманди мумтози тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор Холиқ Мирзозода баргузор гашт. Дар ин конфронс аҳли илму адаби тоҷик, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок варзиданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ профессор Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ҳамоишро ифтитоҳ бахшида, вазири маориф ва илм академик Муҳаммадюсуф Имомзода, профессорон Аъзам Худойдодов, Носирҷон Салимӣ ва Матлубаи Мирзоюнус перомуни рӯзгор ва осори мавсуф мақолот пешниҳод карданд. Инчунин, дар ин конфронси байналмиллалӣ адабиётшиносон аз кишварҳои Узбекистон ва Олмон ба таври маҷозӣ маърӯзаҳои худро ироа намуданд.
Нӯъмонҷон Ғаффорӣ зикр кард, ки Холиқ Мирзозода адабиётшиноси маъруфи тоҷик зодаи шаҳри Самарқанд буда, дар рушд ва ташаккули илми адабиётшиносии тоҷик сахми муносиб гузоштааст. Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми кишвар, доир ба шахсияти Холиқ Мирзозода гуфт, мавсуф солиёни зиёд ба сифати муаллими мактабҳои миёна ,олӣ,ходими илмӣ кор кардааст. “Устод дар баробари иншои китобҳои дарсию таълимӣ, барномаву рисолаҳои илмӣ, аз солҳои 80 – уми асри ХХ ба иншои хотираҳои хеш низ машғул шудаст”, – гуфт Муҳаммадюсуф Имомзода.
Профессор Аъзам Худойдодов доир ба зиндагиномаи Холик Мирзозода сухан гуфта, қайд кард, ки устод дар баробари таълифи осори илмӣ, ба навиштани роману дигар навъи асарҳои бадеӣ низ машғул будааст. “Бахсҳо дар шинохти Сидқии Аҷзӣ дар таълифоти Холиқ Мирзозода ҷойгоҳи махсус дорад”, гуфт мавсуф.
Дар конфронси мазкур аҳли нишаст аз ироаи махрӯзаҳои олимони соҳа доир ба рӯгор ва фаъолияти эҷодии адабиётшиноси тоҷик Холиқ Мирзозода бахраманд гардиданд. Дар фароварди ҳамоиш таъкид гардид, ки паҳлӯҳои таҳқикнашудаи осори илмиву эҷодии Холиқ Мирзозода вазифаи муҳимро дар пешорӯи муҳаққиқони ҷавон мегузорад.
Дилбар ИСМАТОВА,
“Садои Душанбе”