Дар партави Паём

Паёми имсолаи Роҳбари давлат чун ҷамешагӣ фарогири тамоми масоили муҳими сиёсати дохиливу хориҷӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, илму маориф, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, фарҳанг, ҳифзи забони давлатӣ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Пешвои миллат дар оғози суханрониашон фаъолияти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатро дар соли 2020 натиҷагирӣ карда, зикр доштанд, ки соли 2020 барои кулли сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд.

“Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба бӯҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардид. Бо вуҷуди чунин мушкилиҳои пешомада Ҳукумати мамлакат барои пешгирии оқибатҳои бӯҳрони иқтисодиву молиявӣ ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ намуд. Аз ҷумла, ба соҳаи тандурустӣ барои хариди доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ, бунёди беморхонаҳои муваққатӣ ва дастгирии кормандони соҳаи тиб аз буҷети давлат 1 милиарду 600 миллион сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона карда шуд. Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии гурӯҳҳои осебпазири ҷомеа ва соҳибкорони ватанӣ тибқи Фармони Президенти кишвар аз 5 – уми июни соли 2020 сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба маблағи беш аз 450 миллион сомонӣ пешниҳод карда шуданд”, – зикр гарид дар Паём.

Тавре дар Паёми худ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ба истиқболи 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 дар саросари кишвар 18300 иншооти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии банақшагирифташуда, ки бештари онҳо иншооти соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва варзиш мебошанд, бунёд ва ба истифода супорида шуда, бо ҳамин роҳ даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё карда шуданд.

Соли 2020 бо рӯйдодҳои муҳиму хотирмонаш ба таърихи давлатдории навини тоҷикон ворид гардид, зеро дар ин сол ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонц ва 700 – солагии Камоли Хуҷандӣ бо қарори созмони бонуфузи ҷаҳонӣ -ЮНЕСКО дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд.

Нуктаи муҳиме, ки Пешвои миллат дар Паём таваҷҷӯҳи ҳамагонро ҷалб намуданд, ин амалисозии чор ҳадафи стратегӣ, аз ҷумла саноатикунонии босурати мамлакат мебошад. Бояд хикр кард, ки рушди соҳаи саноат дар таъмини зиндагии шоистаи мардум замина мегузорад. Воқеан, дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи саноат комилан тағйир ёфта, таваҷҷӯҳи асосӣ ба рушди истеҳсолот ва содироти маҳсулоти тайёр бо роҳи ворид намудани техналогияи нав, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ равона карда шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ назару андешаҳои фардосози хешро дар мавриди дар сатҳи баланд баргузор гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноц китоб аст» баён намуда, қайд карданд, ки ин ду озмун беҳтарин истеъдодҳои наврасу ҷавонро муаррифӣ намуд. Аз ҳама муҳим, кӯдакону наврасон бо боварӣ ва ҷасорати бузург ба саҳнаи сабқат омада, маҳорати худро ба аъзои ҳакамон намоиш медоданд.

Роҳбари давлат ба вазоратҳои дахлдор, раисони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки мукофотпулии ин ду озмун зиёд карда шуда, ғолибоне, ки хатмкунандагони мактаб ҳастанд ба донишгоҳи дилхоҳашон бидуни супоридани имтиҳон қабул карда шавад. Ҳамзамон, омӯзгороне, ки ба ин озмунҳо шогирдони худро омода менамоянд, қадрдонӣ карда шавад. Ин ташаббусу пешниҳодҳо шаьодати он аст, ки баргузории ин озмуньо дар мади назари махсуси Сарвари давлат қарор дорад.

Тамоми пешниҳоду вазифагузориҳо ва эродҳои Роҳбари муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон танҳо ба хотири боло бурдани сатҳу сифати таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, соҳибкасбу донишманд гардидани онҳо равона шудааст. Ҷомеае, ки насли ҷавонаш бомаърифату хирадманд аст, фардои он ҷомеа ободу хуррам хоҳад буд. Аз ин лиҳоз, соҳаи илму маориф дар меҳвари сиёсати Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат соҳаи илму маориф ба таври мушаххас мавриди таҳлил қарор дода шуд. Таъкид гардид, ки шумораи муассисаҳои таълимц ҳанӯз ҳам дар кишвар каманд. Махсусан, муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияҳои дурдасти кишвар намерасанд. Барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ҳарчи бештар онҳо бояд ба озмунҳои фаннӣ – техникӣ ҷалб карда шаванд.

Дар ин замина, беҳтарин иқдом ин аз ҷониби Президенти кишвар эълон гардидани боз як озмуни нав зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» мебошад. Ин тадбири созанда дар доираи эълон гардидани бистсолаи омӯзиши «фанҳои дақиқ табиатшиносӣ ва риёзӣ» роҳандозӣ мегардад.

Тамоми талошу заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалц Раҳмон ва нуктаҳое, ки дар Паёми имсола зикр гардид, танҳо ба хотири таъмини зиндагии арзандаи сокинони мамлакат ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон равона шудааст.

Дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат моро водор месозад, ки аз ҳарвақта бештар, бо дасту дили пок барои ободии зодгоҳи азизи хеш пайваста меҳнат намоем.

Умедҷон ХОЛОВ,

“Садои Душанбе”

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE